- паст
- [پست]1. зер, поён, таҳ; муқоб. боло2. поён, нишеб, пастӣ3. кӯтоҳ, калта; қади паст4. суст, заиф, оҳиста (дар бораи овоз); овози паст5. кам; каммиқдор, намакаш паст, музди кораш паст6. бадсифат, муқоб. аъло, хуб; коғази паст, сифаташ паст7. маҷ. нокас, ноодам, бад, ногувор; забун; разил, сифла, фурӯмоя (сифати одам); паст омадани ҳаво сербориш будани ҳаво; пасту баланд нишебу фароз, поёну боло, ноҳамвор, ноҳамворӣ, пасту баланди роҳ, пасту баланди зиндагӣ; паст задан бад кардан, беэътибор гардонидан, ҳақир шуморидан (касе, чизеро); паст кардан а) оҳиста кардан, костан (овозеро); б) суст кардан, фурӯ нишондан; паст наомадан (нафаромадан) сустӣ накардан, тан надодан, таслим нашудан (дар баҳс); дар гуфтаи худ исрор кардан; паст рафтан поён шудан, кам шудан, суст шудан, беравнақ шудан; паст фуромадан поён шудан, кам шудан (доир ба нарх, наво ва ғ.); пасту баланд гап задан суханҳои сахту ногувор гуфтан; паст шинондан хобондан, фурӯ нишондан; паст шудан а) кам шудан, фуромадан; б) суст шудан, аз шиддати худ костан; пасанда шудан; сар паст накардан а) сар хам накардан; б) таслим нашуда; паст-паст гап задан оҳистаоҳиста, гап задан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.